Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ва Байден раъйи заруриро барои номзадӣ ба даст оварданд


Доналд Трамп ва Ҷо Байден
Доналд Трамп ва Ҷо Байден

Ҷо Байден аз Ҳизби демократ ва Доналд Трамп аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, президентҳои ҳозира ва пешинаи Амрико, ҷонибдории аксар вакилони анҷуманҳои ҳизбиро ба даст оварданд.

Трамп рӯзи сешанбеи гузашта дар Вашингтон, Миссисипӣ, Ҷорҷия ва Ҳавайӣ пирӯзӣ ба даст овард. Ба ҷонибдорӣ аз рақиби ӯ, сафири пешини Амрико дар Созмони Милал Никки Ҳейли бо вуҷуди даст кашиданаш аз идомаи рақобат беш аз 20 дарсади ҷумҳурихоҳон раъй доданд.

Байден низ дар Вашингтон, Миссисипӣ ва Ҷорҷия пирӯз эълом шудааст.

Аз нигоҳи назариявӣ, анҷуманҳои ҳизбӣ метавонанд ба ҷои номзадҳои пирӯз дар интихоботҳои ибтидоӣ номзади дигарро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунанд. Вале эҳтимоли ин хеле кам аст.

Тибқи бештари назарсанҷиҳо, Трамп дар ҳоли ҳозир аз рӯи теъдоди одамоне, ки омодаанд дар интихоботи 5-уми ноябри имсол ба ӯ раъй диҳанд, аз Байден каме пешсаф аст.

XS
SM
MD
LG