Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қонуни ҷанҷолии ВАО-ро дар Қирғизистон боз хонданд


Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Бо дастури президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов тарҳи қонун "Дар бораи ВАО" бозхонд шудааст. Пештар аз ин Ҷабборов бо роҳбарони расонаҳои Қирғизистон мулоқот ва аз ҷумла тарҳи қонун "Дар бораи ВАО"-ро баррасӣ кард. Ин тарҳи қонун дар баррасии порлумони он кишвар буд.

Бо назардошти пешниҳоди намояндагони расонаҳо Ҷабборов дастур додааст, ки тарҳи қонун коркард ва такмил шавад.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи буҷет, иқтисод ва сиёсати молии порлумони Қирғизистон рӯзи 4-уми март ба тарҳи қонун "Дар бораи ВАО" раъйи мусбат дода буд. Аз ҳашт вакили узви ин кумита 6 нафар ба ҷонибдорӣ аз қабул шудани тарҳ раъй додаанд.

Тарҳи қонун "Дар бораи ВАО", ки аз сӯи дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон таҳия шудааст, миёнаҳои моҳи декабри соли 2023 барои баррасӣ ва қабул вориди порлумони он кишвар гардид.

Муаллифони тарҳи мазкур гуфтаанд, қонуни ҳозира "Дар бораи ВАО" куҳна шуда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. Тарҳи нави қонун, ки аз сӯи дастгоҳи президент таҳия шудааст, низоми наверо пешниҳод мекунад, ки он "тавозун байни озодии баён, дигарандешӣ ва маҳдудиятҳои зарурӣ"-ро мадди назар дорад.

Дар сурати қабул, ин қонун аз муассисони сомонаҳои интернетӣ талаб хоҳад кард, ки ҳамчун расона дар вазорати рушди рақамии Қирғизистон сабти ном шаванд. Тарҳи мазкур ҳамчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ ташкил кардани расонаро дар Қирғизистон манъ хоҳад кард.

Коршиносон ва ҷомеаи расонаии Қирғизистон борҳо аз ин тарҳи қонун интиқод кардаанд. Ба бовари онҳо, тарҳи мазкур ба озодии баён ва нишондодҳои демократӣ таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG