Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки ҳадафи сафар рушди тиҷорат ва сармоягузории дуҷониба буд.
Ин сафари аввалини сарвазири Узбекистон ба минтақаи Шинҷони Чин аст. Дар онҷо мусалмонҳои уйғур зиндагӣ мекунанд.
Ҳарчанд расонаҳои Узбекистон нишасти тиҷоратии Тошканд ва Гуанчжоуро зиёд бозтоб доданд, натиҷаҳои назаррасе дар ин чорабиниҳо набудааст.
Баъд аз ин сафар рӯзи 7-уми март як муовини вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистонро иваз карданд.
Eurasianet.org менависад, сармояи умумии Чин дар Узбекистон аз соли 2016 то нимаи аввали соли 2023 ба 80 миллиард доллар расидааст.