Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздиконаш гуфтанд, ҷасади Сафияхон дар Узбекистон "ёфт шудааст"


Сафияхон Раҳматова рӯзи 7-уми феврали имсол бенишон шуд
Сафияхон Раҳматова рӯзи 7-уми феврали имсол бенишон шуд

Пайвандонаш гуфтанд, ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-сола аз Хуҷанд, ки ба бовари онҳо дар дарёи Сир ғарқ шуда буд, дар ҳудуди Узбекистон ёфт шудааст. Дар Идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд хабарро тасдиқ карда, аммо ҷузъиёт надоданд.

Муяссар Раҳматова, бибии Сафияхон, шоми 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо хабар расид, ки ҷасади духтарашонро ёфтаанд, вале ҳанӯз пайкар шиносоӣ нашудааст. Алҳол либосҳо далели тахмин задани он шудаанд, ки он Сафияхон аст.

"Аз либосаш шинохтаанд ва ӯ дар панҷараи обанбор дармонда будааст. Падараш ва наздикони дигар барои гирифтани ҷасад ба Узбекистон рафтанд. Бояд фардо ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба Тоҷикистон биёранд," – гуфт ӯ.

Дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд гуфтанд, даҳ рӯз пеш ба унвонии Кумитаи ҳолатҳои изтирории Узбекистон нома фиристода буданд, то дар ёфтани ҷасади навраси тоҷик мадад кунанд. Аз ин бештар ҷузъиёт надоданд.

Сафияхон Раҳматова рӯзи 7-уми феврали имсол нопадид шуд. Сабти дурбинҳои назоратӣ бори охир ӯро дар кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд нишон дод. Дар ин кӯча ҳавлии Раҳматовҳо ҷойгир аст ва дар рӯбарӯи он дарёи Сир мегузарад.

Аъзамхон Раҳматов, падари Сафияхон, аз аввал ба ин бовар буд, ки духтараш ғарқ шудааст. Бо дархости ӯ ҷустуҷӯро дар дарёи Сир идома доданд, вале маъмурони наҷот ҳар дафъа мегуфтанд, ки нишоне аз ӯ наёфтанд. Мақомот дар ин муддат ҳеч гоҳ тасдиқ накарда буданд, ки наврас дар дарё ғарқ шудааст.

Ғарқ шудани сокинон дар дарёи Сир ё Сайҳун ҳодисаи нав нест. Танҳо дар соли 2023 панҷоҳу панҷ мавриди ғарқшавӣ сабт шудааст. Дар ин миён 19 нафар ноболиғ будаанд. Ҳанӯз чор ҷасад пайдо нашудааст.

Гузориши видеоӣ аз рӯзи 12-уми феврал

XS
SM
MD
LG