Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҳамлаҳои Русия ва Украина ба зидди якдигар


Купянски Украина
Купянски Украина

Нерӯҳои Русия ва Украина рӯзи 12-уми март бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамларо ба зидди якдигар идома доданд.

Бино ба гузоришҳо, дар яке аз ин ҳамлаҳо як анбор ва макони коркарди нафти Русия ҳадаф қарор гирифта, дар вилояти Купянски Украина бинои истиқоматӣ вайрон шудааст.

Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе гуфт, ҳавопаймоҳои Украина чанд минтақаву иншооти энержӣ, аз ҷумла корхонаи NORSI-и Лукойл-ро нишон гирифтанд. Як ҳавопаймои бесарнишини дигар ба анбори нафт дар Орёл задааст.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, низомиёни Русия нуҳ мушаки украиниро дар вилояти Белгород "нобуд карданд".

Дар ҳамин ҳол, аъзои легиони “Озодии Русия”, ки асосан аз шаҳрвандони Русия иборат аст, вале онҳо дар канори нерӯҳои мусаллаҳи Украина меҷанганд, ба қаламрави Русия ҳамла анҷом додаанд.

Ин гурӯҳ бо нашри видео иддао кард, ки сарбозонаш дар дохили Русия ҳастанд. Тасдиқи мустақилонаи он имконнопазир аст.

Кремл гуфт, нерӯҳои Русия ҳамлаҳоро зада баргардонданд ва баръакс ба гурӯҳҳои мусаллаҳ талафоти зиёд расонданд. Тасдиқи мустақилонаи иддаои Кремл низ ғайриимкон аст.

XS
SM
MD
LG