Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулони "Газли" Фозиловро баҳрабардори асосӣ номиданд


Ширкати "Gazli Gas Storage" дар посух ба таҳқиқоти рӯзноманигории Бахши узбекии Радиои Озодӣ дар бораи баҳрабардорони эҳтимолӣ ва пинҳонии ширкат изҳорот нашр кард.

Мудирони "Gazli Gas Storage" гуфтаанд, изҳорот танҳо барои "равшанӣ андохтан ба вазъ" нашр карда мешавад.

Муаллифон бе бурдани номи расона нашри хабарро “беасос ва бадномкунанда” донистаанд, вале мушаххас нагуфтаанд, ки кадом маълумот беасос аст.

"Дар натиҷаи бозсозӣ дар моҳи октябри соли 2023 саҳми ширкат, ки қаблан ба ширкати русии "Форус" тааллуқ дошт, ба ширкати ҳонконгии "Daxon Holdings Limited" дода шудааст. Бахтиёр Фозилов ба монанди пешин баъд аз бозсозӣ низ баҳрабардори асосии ширкат боқӣ мемонад", - гуфта шудааст дар изҳорот.

Рӯзноманигорон низ дар таҳқиқоти худ гуфта буданд, ки Фозилов ва шарикони олигархи ӯ, ки аз атрофиёни наздики президенти Русия Владимир Путин шумурда мешаванд, бахши энержии Узбекистонро тавассути ширкатҳои худ ғасб кардаанд.

XS
SM
MD
LG