Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали гуштигирони тоҷик дар Туркия


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи Яшар Догу, гуштигири машҳури турк, қаҳрамони ҷаҳон. Аврупо ва Бозиҳои олимпӣ, ки рӯзҳои 7-10-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, ду медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки аз рӯи 10 вазн миёни мардон ва 10 вазн миёни занон сурат гирифт, беш аз 600 варзишгар аз 25 кишвар иштирок карданд.

Ду паҳлавонони тоҷикистонӣ ба гирифтани медали ин мусобиқаи рейтингӣ мушарраф шуданд.

Магомед Евлоев дар вазни то 74 кило медали нуқра гирифт. Вай дар даври ниҳоӣ аз Ҷордан Барроузи амрикоӣ мағлуб шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 65 кило барандаи медали биринҷӣ гардид. Кудиев дар мубориза барои нишони биринҷӣ муқобили Ҷеймс Грин аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастболо шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи Яшар Догу:
-57 кг
1. Бекзат Алмаз уулу (Қирғизистон)
2. Начин Монгуш (Русия)
3. Алмаз Сманбеков (Қирғизистон)
3. Бекболот Мирзоназар уулу (Қирғизистон)

-61 кг
1. Монасуки Оно (Ҷопон)
2. Эмре Курал (Туркия)
3. Бехрӯзбой Туронмуродов (Узбекистон)
3. Тайирбек Жумашбек Уулу (Қирғизистон)

-65 кг
1. Улуғбек Жолдошбеков (Қирғизистон)
2. Мусо Агаев (Озарбойҷон)
3. Абдулмаҷид Кудиев (Тоҷикистон)
3. Муҳаммад Меҳдӣ (Эрон)

-70 кг
1. Эрназар Акматалиев (Қирғизистон)
2. Тулга Очир Темур (Муғулистон)
3. Ёсиносука Аояги (Ҷопон)
3. Амир Яздонӣ (Эрон)

-74 кг
1. Ҷордан Барроуз (ИМА)
2. Магомет Евлоев (Тоҷикистон)
3. М-Расул Аслуев (Баҳрайн)
3. Орозбек Токтомамбетов (Қирғизистон)

-79 кг:
1. Хидир Сайфуддинов (Баҳрайн)
2. Бямдабори Анхбаяр (Муғулистон)
3. Рамазон Сарӣ (Туркия)
3. Рамиз Гасанов (Озарбойҷон)

-86 кг
1. Ҳодӣ Вафоипур (Эрон)
3. Батэрдене Баянсурен (Муғулистон)
3. Бобур Исломов (Узбекистон)
3. Юдай Такахаси (Ҷопон)

-92 кг
1. Амирҳусейн Фирӯзпур (Эрон)
2. Андриан Гросул (Молдова)
3. Муҳаммад Гимрӣ (Туркия)
3. Георгий Ромелашвили (Гурҷистон)

-97 кг
1. Аҳмад Тоҷиддинов (Баҳрайн)
2. Ҷей Айелло (ИМА)
3. Ризобек Айтмухан (Қазоқистон)
3. Раду Лефтер (Молдова)

-125 кг
1. Амирризо Маъсумӣ (Эрон)
2. Лхагвагерел Мунхтур (Муғулистон)
3. Шамил Шарипов (Баҳрайн)
3. Соломон Манашвили (Гурҷистон)

XS
SM
MD
LG