Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як созмони мухолиф ҳукуматро барои вазъи матбуот танқид кард


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Як созмони мухолифи ҳукумат вазъи матбуотро дар Тоҷикистон ташвишовар хонда, мақомотро барои эҷоди маҳдудият ва боздошту ҳабси рӯзноманигорон танқид кардааст.

Паймони Миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолиф, 11-уми март ва дар Рӯзи матбуоти тоҷик гуфт, "мутаассифона, имрӯзҳо рӯзноманигорон ва равшанфикрон ба мисли шамъ дар кунҷи зиндон месӯзанд ва ё ба тарки касбу кишвару зодгоҳ маҷбур шуданд."

Ин созмон барои тақвияти гуфтааш баста шудани расонаҳои мустақил, аз кишвар рафтани баъзе аз рӯзноманигорон ва зери пайгард қарор гирифтани онҳоро мисол овардааст.

"Дар зиндон будани Абдуқаҳҳори Давлат, Ҳикматулло Сайфуллозода, Зубайдуллоҳи Розиқ, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Муҳаммадалии Ҳаит, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом), Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатхоним Мамадшоева, Абдуқодири Рустам, Абдухалил Холиқзода, Хуршед Фозилов ва чанд тан дигар аз зиёиёни кишвар собиткунандаи ин ҳарфҳост," – гуфта шудааст дар эъломия.

Ҳар сол дар Тоҷикистон 11-уми март ба унвони Рӯзи матбуот таҷлил ва аз кори хабарнигорон қадрдонӣ мешавад. Ин рӯзро ба сабаби нашри шумораи аввалини “Бухорои шариф” гузоштаанд.

Созмону кишварҳои ғарбӣ солҳои охир ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён, бастану аз саҳна рондани расонаҳои мустақил ва саркӯби хабарнигорон танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG