Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 22 узви як оила. Эътирози додситон ба ҳукми Додгоҳи Бохтар


Юсуф Солиҳов. Акс аз эълони мақомот барои ҷустуҷӯйи ӯ гирифта шудааст
Юсуф Солиҳов. Акс аз эълони мақомот барои ҷустуҷӯйи ӯ гирифта шудааст

​​​​​​​Додгоҳи шаҳри Бохтар ҳукми Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов, муҳофизи фармондеҳи пешини Фронти Халқӣ Хӯҷа Каримовро бар асоси қонуни афви умумӣ (аз соли 1998) аз дувоздаҳ то ба ҳашт сол зиндон поин овардааст.

Додситони вилояти Хатлон ба зидди он эътироз кард. Вакили мудофеъ, баръакс, талаб дорад, ки ӯ пурра озод шавад.

Пештар, дар моҳи феврали имсол, Додгоҳи шаҳри Бохтар Юсуф Солиҳовро ба гуноҳи куштори гуруҳӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум кард.

Мақомот гуфтанд, ӯ ҳамроҳи даҳ шахси мусаллаҳ дар ноҳияи Хуросон (Ғозималики собиқ) дар куштани 22 узви як оила ва оташ задани ҷасади онҳо даст дошт. Ду узви ҳамин хонавода аз зарби тир маъюби якумрӣ ҳастанд. Ҳодиса тирамоҳи соли 1992 рӯй додааст.

Худаш дар мурофиа гуфтааст, дар ҷойи ҳодиса буд, вале касеро накушт.

Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон, дар муроҷиати 9-саҳифаӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ҳукмро бозбинӣ ва муҳлати адои ҷазоро барои Солиҳов бештар кунад. Вай ҷазои таъиншударо “номуносиб” ва “сабук” хондааст. Нусхаи онро Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми март дид.

Саид Салимзода, вакили мудофеи Юсуф Солиҳов, дар номаи ҷудогона ба Додгоҳи олӣ навиштааст, ки зерҳимояи ӯ ва ҳамроҳонаш дар соли 1992 узви Фронти Халқӣ буда, вале дар идораҳои давлатӣ фаъолият надоштанд.

Радиои Озодӣ нусхаи аризаи Салимзодаро низ дид. Вакил нигоштааст, ҷиноят сӣ сол пеш содир шуд ва ба сабаби “гузаштани муҳлат” парвандаи ҷиноии зерҳимояаш қатъ ва ӯ аз боздоштгоҳ озод гардад.

Баҳодур Абдуллоев, ки ҳангоми ҳамлаи шахсони мусаллаҳ ба хонаашон 11 сол дошт, мегӯяд, ҳафтаи гузашта аз рӯйи ҳукми Додгоҳи Бохтар ба Додгоҳи олӣ шикоят карданд. Ӯ рӯзи 11-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт: “Онҳо волидонам, бибиву бобоям, духтарону занони аз 10-сола то 55-сола, дар умум 22 нафарро таҳқир карданд ва куштанд. Чӣ тавр Додгоҳ 8 сол ҳабс мекунад? Мо розӣ нестем.”

Юсуф Солиҳов дар моҳи июли соли 2023 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия дастгир ва сипас ба Душанбе фиристода шуд

Додситонии кулли Русия рӯзи 4-уми июли соли 2023 дар саҳифааш дар Телеграм навишт, ки куштори аъзои як хонавода 14-уми октябри соли 1992 дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросони ҳозира иттифоқ уфтодааст. Дар изҳороти Додситонии кулли Русия гуфтаанд, “дар миёни қурбониён як зани обистан ҳам буд”.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.

Яке аз онҳо фармондеҳи пешини Фронти халқӣ (1992-1997) Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир) аст, ки баъди бист соли фирор дар Дубай дастгир ва ба Душанбе оварда шуд. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ба 21 сол зиндон маҳкум карданд. Баъзе аз ҷиноятҳои ҳодисаи сӣ сол пеш дар Тоҷикистон ҳанӯз нокушода мондааст.

XS
SM
MD
LG