Асрор Воҳидов дар даври ҳаштякниҳоӣ дар вазни то 57 кило муқобили Умед Рустамов аз Озарбойҷон бо ҳисоби 5:0 ғалаба карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар сурати пирӯзӣ дар чорякфинал Воҳидов ба Бозиҳои олимпии Порис 2024 роҳхат мегирад.
Баҳодур Усмонов бошад, дар даври сеюми мусобиқа бар Эрисланди Алварес аз Куба дастболо шуд. Ҳамакнун дар мавриди пирӯзӣ дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Усмонов соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 мешавад.
Дар ин мусобиқаи интихобӣ, ки 3-юми март дар Италия шуруъ шуд, 632 варзишгар (399 мард ва 233 зан) аз 112 кишвар, инчунин дастаи паноҳандагон, иштирок доранд.
Муштзанҳо барои 49 роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 аз рӯи 13 вазн (7 вазн миёни мардон – 28 роҳхат, 6 вазн миёни занон – 21 роҳхат) талош мекунанд.
Аз ҷумла, дар ҳамаи вазнҳо варзишгароне, ки то даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд – 4 роҳхат дар ҳар вазн, ба истиснои вазни то 57 кг (2 роҳхат) ва то 60 кг (3 роҳхат) байни занон, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 мешаванд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ ҳафт муштзан - Рӯҳафзо Ҳақназарова (-50 кг), Меҳрон Шафиев (-51 кг), Асрор Воҳидов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Шаҳобҷон Шукуров (-71 кг), Шаббос Неъматуллоев (-80 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) - дохиланд.
Аз байни онҳо танҳо ду нафар - Асрор Воҳидов ва Баҳодур Усмонов, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд, барои роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 мубориза мебаранд.
Шоми 11-уми март Асрор Воҳидов бо Собирхон Маҳмуд аз Қазоқистон ва Баҳодур Усмонов бо намояндаи Ҷопон Нишияма Шион рақобат мекунанд.
Дуюмин ва охирин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс моҳи май дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор хоҳад шуд.
Муҳимтарин чорабинии варзишии имсола - Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Пориси Фаронса доир мегардад.
Варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 то ҳоло ду роҳхат гирифтаанд, ки ба риштаи бокс марбут аст.
Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтанд.