Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон мехоҳад, шаҳрванди зиндонияшро аз Тоҷикистон баргардонад


Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, Кубатбек Юлдошев моҳи августи соли 2022 ба Исфара рафтааст
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, Кубатбек Юлдошев моҳи августи соли 2022 ба Исфара рафтааст

Қирғизистон талош дорад, як шаҳрвандашро, ки дар Тоҷикистон бо гуноҳи ҷосусӣ зиндонӣ шудааст, баргардонад.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, дар бораи Кубатбек Юлдошев ҳамаи маълумотро ҷамъ овард.

Вакили порлумони Қирғизистон Султонбой Айҷигитов рӯзи 7-уми март дар бораи зиндонӣ шудани Юлдошев хабар дод ва аз мақомоти Қирғизистон хост, барои озодии ӯ мадад расонанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, намояндагиҳои дипломатӣ бо модар ва пайвандони дигари Юлдошев робита доранд.

"Дар бораи интиқол ёфтани ӯ ба Қирғизистон сафорат бо мақомоти масъули Тоҷикистон гуфтугӯ дорад," -- хабар доданд дар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Бино ба иттилои мавҷуда, шаҳрванди 36-солаи Қирғизистон Кубатбек Юлдошев 20-уми январи соли 2023 бо айби ҷосусӣ дар Тоҷикистон зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG