Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон бекорӣ камтар шудааст?


Мақомот дар Тоҷикистон аз ҳудудан 10 дар сад коҳиш ёфтани шумори афроди бекор хабар доданд. На ҳама ба дурустии ин омор бовар доранд.

Бино ба иттилои Оҷонсии омор соли 2023 расман дар кишвар 48,3 ҳазор нафар чун бекор ба қайд гирифта шудааст, ин ин ба фарқ аз як соли пештар 9,7 дар сад камтар будааст. Хабаргузории расмии “Ховар” бо истинод ба Оҷонсии омор навиштааст, ки беш аз 46 дар сади бекоронро дар Тоҷикистон занон ташкил медиҳанд.

Масъулин сабаби коҳиши бекориро эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ гуфтаанд, аммо аксари сокинон ва таҳлилгарон мегӯянд, омории воқеии бекорон аз маълумоти расмӣ хеле бештар аст, зеро дар кишвар аксарияти бекорон ё корҷӯён худро расман сабт намекунанд.

Набуди ҷои кори муносиб сабаб шуда, ки ҳазорон нафар барои дарёфти кор роҳи Русия ва кишварҳои дигарро пеш мегиранд. Аз оморҳои ҷониби Русия бармеояд, ки афзоиши фишор ва рейду рондани муҳоҷирон ҳам дар як ду соли ахир пеши роҳи мизони афзояндаи муҳтоҷират ба Маскавро нагирифтааст.

Изҳороти мақомоти Тоҷикистон дар бораи теъдоди бекорон ҳамеша шубҳаву гумонҳоро дар пай доштааст. Аз ҷумла, соли 2020 Бонки Ҷаҳонӣ шумораи бекоронро дар кишвар панҷ баробар бештар аз омори расмӣ гуфта буд.

Дар гузашта бархе аз корфармоён гуфта буданд, шумори бекорон зиёд аст, аммо зимни даъват ба ҷойи кор аксари онҳо бо сабаби камии маош ё пешниҳоди корро намепазиранд ё зуд онро тарк мекунанд.

Бекорӣ ё кор бо маоши кам яке аз дардҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG