Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули қисме аз буҷаи Амрико


Сенати Амрико як бастаи тарҳҳои қонунеро дар бораи маблағгузории тақрибан ҳама сохтору барномаҳои ҳукуматӣ дар ҳаҷми беш аз 460 миллиард доллар то охири соли 2024 қабул кард. Баъди ин навбати президент Ҷо Байден аст, ки онро имзо кунад. Пештар ин тарҳро Маҷлиси намояндагони ИМА қабул кард.

Бастаи қабулшуда аз шаш тарҳи қонун иборат аст. Онҳо маблағгузории вазорати кишоварзӣ, адлия, нақлиёт, сохтмону рушди шаҳрҳоро дар назар мегирад.

Ин баста чанд соат пеш аз зарбулаҷали хатми мӯҳлати тасдиқи тарҳҳо қабул шуд ва бо ин роҳ аз бекор шудани кори ҳукумат пешгирӣ гардид.

То 22 март бояд аъзои Конгресс барои қабули бахши аз ин бештари тарҳи қонунҳо овоз диҳанд ва он хароҷоти артиш, амнияти дохилӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳоро дар назар дорад. Дар маҷмӯъ ҳарду бастаи тарҳҳои қонун 1,66 триллион доллар хароҷотро барои соли 2024 дар назар мегирад. Соли гузашта он 1,7 триллион доллар буд.

Набуди иттифоқи назар дар масъалаи қабули буҷа дар Конгресс, аз ҷумла, ба тақдими ёриҳои Амрико ба Украина ҳам асар кардааст. Агар ин кӯмакҳо дода шаванд, ҳаҷми онҳо 60 миллиард долларро ташкил хоҳанд дод.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG