Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи гуштигирӣ дар Душанбе муайян шуданд


Ғолибони мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ дар риштаи гуштии миллӣ ё гуштигирӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе”, ки 8-уми март дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахти Тоҷикистон доир гардид, маълум шуданд. Дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар (мардон ва занон) аз 40 кишвар иштирок карданд. Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи миллии гуштигирии Тоҷикистон сурат гирифт

Мардон аз рӯи панҷ вазн ва занон аз рӯи ду вазн рақобат карданд. Байни мардон дар чаҳор вазн паҳлавонони тоҷик - Шаҳбоз Саидаброров (-65 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-71 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-78 кг) ва Умар Расулов (-86 кг) - ғолиб шуданд.

Дар як вазни дигар (+86 кг) паҳлавон аз Узбекистон Шермуҳаммад Ҷондреев пирӯз гардид.

Дар байни занон Ли ван Тин аз Чин дар вазни зери 57 кило ва Алёна Прокопенко аз Русия дар вазни то 70 кило соҳибони медалҳои тилло шуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизаҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гаштанд. Маблағи ҷоизаҳои молии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии гуштигирӣ барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе”:

Мардон

-65 кг

1. Шаҳбоз Саидаброров (Тоҷикистон)

2. Хайрандеш Муродзода (Тоҷикистон)

3. Суҳроб Боқиев (Тоҷикистон)

3. Воҳид Бариманлоу (Эрон)

-71 кг

1. Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)

2. Абубакр Боқиев (Тоҷикистон)

3. Алиҷон Боқиев (Тоҷикистон)

3. Дилшодбек Юлдошев (Узбекистон)

-78 кг

1. Раҳматуллобек Фарҳодов (Тоҷикистон)

2. Ромин Сабзалӣ (Эрон)

3. Уалӣ Куржев (Русия)

3. Аҳрор Зиёдуллоев (Узбекистон)

-86 кг

1. Умар Расулов (Тоҷикистон)

2. Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)

3. Масъуд Қавибозу (Эрон)

3. Умар Бозоров (Узбекистон)

+86 кг

1. Шермуҳаммад Ҷондреев (Узбекистон)

2. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)

3. Улуғбек Раҳимов (Тоҷикистон)

3. Антон Брачов (Русия)

Занон

-57 кг

1. Ли ван Тин (Чин)

2. Гантсегсег Гандболд (Муғулистон)

3. Пардис Эйдивандӣ (Эрон)

3. Кенан Адҳам (Сурия)

-70 кг

1. Алёна Прокопенко (Русия)

2. Ҷонона Назарова (Тоҷикистон)

3. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)

3. Ажар Салюкова (Қазоқистон)

Соли гузашта дар чаҳорумин давраи мусобиқаи байналмилалии гуштигирӣ байни мардон барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе» дар ду вазн паҳлавонони тоҷик - Муллораҷаб Халифаев (-65 кг) ва Наврӯзи Каримзод (-71 кг) - ғолиб шуданд.

Дар ду вазни дигар варзишгарон аз Узбекистон - Аслонбек Тоҷиев (-78 кг) ва Муҳаммадкарим Хуррамов (+86 кг) - пирӯз гардиданд. Дар вазни зери 86 кило намояндаи Эрон Масъуд Қавибозу барандаи медали тилло шуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 ба гуштии миллии тоҷикӣ – «гуштигирӣ» мақоми байналмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштии миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

XS
SM
MD
LG