Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз як то се соат. "Лимит"-и барқ дар Тоҷикистон сахттар шудааст


Шаҳри Кӯлоб, 7-уми марти соли 2024
Шаҳри Кӯлоб, 7-уми марти соли 2024

Маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли барқ дар Тоҷикистон сахттар шудааст. Аз бисёр минтақаҳои кишвар ба Радиои Озодӣ занг мезананду мегӯянд ва менависанд, ки шаби 7 ба 8-уми март гузашта ҳамагӣ аз як то се соат барқ доштанду бас. Ҳол онки бар асоси реҷаи таъинкардаи мақомот, сокинони рустоҳо бояд шабонарӯз ҳашт соат барқ бигиранд. Мақомот вазъиятро шарҳ намедиҳанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Кӯлоб гузориш дод, ки шаби гузашта сокинони бисёр маҳаллаҳои шаҳр барқ надоштанд ва фақат субҳи 8-уми март барояшон 1,5 соат барқ дода шуд.

Дар ноҳияҳои атрофи Кӯлоб ҳам айни ҳамин аҳвол будааст. Як корбари Радиои Озодӣ аз ноҳияи Муъминобод навишт, сокинони ин ноҳия шабонарӯзи ахир фақат як соат барқ доштанд. Сокинон аз ноҳияҳои Шаҳритус, Восеъ, Ҳамадонӣ, Ёвон, Хуросон ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳам мегӯянд, шабонарӯзи гузашта ҳамагӣ як соат барқ доштанд. Дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон сокинон чор соат барқ доштаанд.

“Солҳои пеш медонистем, ки кай барқ мешавад ва кай намешавад, дигар ҳозир ҳеч чизро намефаҳмем,”-гуфт Мурод, як сокини шаҳри Кӯлоб.

Талоши хабарнигори Радиои Озодӣ барои фаҳмидани шарҳи масъала аз идораи барқи минтақаи Кӯлоб бенатиҷа буд.

Дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳам сокинон аз иҷро нашудани “лимит”-и барқ шикоят доранд. Корбари Радиои Озодӣ аз шаҳри Панҷакент навиштааст, ба онҳо фақат ним соат барқ дода шуд. Сокинони шаҳри Бӯстон дар вилояти Суғд мегӯянд, 20 рӯз аст, ки ду соат субҳ ва ду соат бегоҳ барқ мегиранд. Корбари Озодӣ аз ноҳияи Деваштич ҳам навиштааст, шаби гузашта сокинон фақат ду соат барқ доштанд. Аз айни ҳол дар ноҳияҳои Масчоҳ ва Ашт хабар расидааст.

Як корбари Радиои Озодӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ, канори Душанбе ҳам мегӯяд, шоми 7-уми март, соат аз 20 гузаштааст, вале сокинон барқ надоранд.

Мақомот аз тирамоҳи соли 2023 ба сокинони минтақаҳо бо “лимит” ё ба таври маҳдуд барқ медиҳанд. Бар асоси реҷаи таъинкардаи Шабакаҳои тақсимоти барқ, сокинон субҳ аз соати 5 то 8 ва бегоҳ аз соати 17 то 22 бояд барқ гиранд.

Вале шикоятҳо нишон медиҳад, ки ҳамин реҷаи таъинкардаи мақомот ҳам дар интиқоли барқ риоя намешавад.

Ба ҷуз минтақаҳо, дар пойтахти Тоҷикистон давоми даҳ рӯзи ахир мардум аз камбуди барқ шикоят мекунанд. Охири моҳи феврал навбатдори Шабакаҳои барқи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дастур гирифтаанд, ки интиқоли барқро бо навбат дар маҳаллаҳои пойтахт қатъ кунанд. Масъулин расман ҷорӣ шудани “лимит” дар пойтахтро рад карданд, аммо сокинон гуфтанд, ҳанӯз ҳам интиқоли барқ дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе қатъ мешавад.

Таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон дар бештар аз сӣ соли охир гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Мақомот камбуди об дар обанборҳо, таъмири таҷҳизот, садама ва якбора зиёд шудани истифодаи барқро аз сабабҳои камбуди барқ дар кишвар мегӯянд. Аммо бархе бовар доранд, ки фурӯши барқ ба Афғонистон сабаби камбуди он дар дохили кишвар шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG