Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: бояд дар баробари Путин муқовимат кунем


Ҷо Байден дар Конгресс
Ҷо Байден дар Конгресс

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури ИМА 7-уми март дар назди вакилони ҳардуи палатаи Конгрес баромад карда, аз ногузир будани кумак ба Украина дар ҷанг зидди Русия гуфт.

"Путин ба Украина ҳамла кард. Вай дар Аврупо ва берун аз он бесарусомониро паҳн мекунад. Агар касе дар ин толор бовар кунад, ки Путин дар онҷо меистад, шуморо итминон медиҳам, ки ӯ бас намекунад. Украина метавонад Путинро боздорад, агар мо дар канори Киев бошем ва бо пешниҳоди силоҳ кумак кунем,”-гуфт Ҷо Байден.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз муттаҳидони асосии Украина дар ҷанг зидди Русия аст. Аммо чанд моҳи ахир бастаи нави кумакҳои ҳукумати Амрико дар палатаи поёнии Конгресс дармондааст. Маҷлиси намояндагон зери назорати ҷумҳурихоҳон аст.

Ҷо Байден дар назди вакилони Конгресс чанд маротиба аз рақиби ҷумҳурихоҳаш Доналд Трамп интиқод кард, ки ба гуфтаи ӯ дар назди роҳбари Русия таъзим кардааст. "Ин золимона, хатарнок ва ғайри қобили қабул аст... Мо бояд бо Путин муқовимат кунем,”-гуфт Байден.

Ин ҳафта баъди гузаштани интихоботҳои дохилиҳизбӣ маълум шуд, ки Доналд Трамп ва Ҷо Байден бори дигар барои курсии президентӣ дар ИМА рақобат мекунанд. Интихоботи президентӣ дар Амрико, моҳи ноябри имсол баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG