Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи нав зидди як фаъоли зиндонии қазоқ


Айгерим Тлеужанова
Айгерим Тлеужанова

Ба зидди фаъоли қазоқистонӣ Айгерим Тлеужанова, ки бо айби "ғасб"-и фурудгоҳи Алмато 4 сол зиндонӣ шудааст, ба иттиҳоми "Барқасдона расондани зарари ҷисмонӣ" парванда боз кардаанд.

Дар ин бора Айнара Айдархонова, вакили мудофеи Тлеужанова хабар дод.

Вакил гуфт, 24-уми феврали имсол нисбат ба Айгерим "аз ҷониби занони зиндонӣ иғво ташкил шуда, ба сардори зиндон аз латукӯб шудан аз ҷониби Айгерим шикоят кардаанд".

Пештар расонаҳо навишта буданд, ки вазъи саломати фаъоли мадании қазоқистонӣ Айгерим Тлеужанова дар зиндон бад шудааст.

Вакили дифои фаъоли зиндонӣ Айнара Айдарханова гуфта буд, 29-уми январ бо зерҳимояи худ мулоқот кард ва ӯ аз сардӣ дар маҳбас шикоят дошт.

"Дар маҳбас хеле сард аст. Тлеужанова ба дарди сутунмуҳра гирифтор шудааст. Гуруснанишинӣ вазъи сиҳатии вайро бадтар кардааст", - иқтибос овардааст нашрияи "Власт" аз суханони вакили дифоъ.

Додгоҳи Алмато тобистони соли гузашта Тлеужановаро дар доираи парвандаи "ғасби фурудгоҳи Алмато" ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022 чаҳор сол зиндонӣ кард. Тлеужанова ин айбро дар додгоҳ рад карда буд.

XS
SM
MD
LG