Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Донишҷӯ нест, пул нест." Коҳиши теъдоди довталабон дар Кӯлоб


Масъулони Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб гуфтанд, соли гузашта 25 дарсад нақшаи қабули донишҷӯён иҷро нашуд ва чанд барномаи онҳоро ба таъхир андохт. Аз ҷумла пайваст шудани биноҳои Донишгоҳро ба шабакаи гармидиҳӣ.

Аз соли 2021 ба ин тараф қабули донишҷӯён дар аксар донишгоҳҳои Тоҷикистон кам шудааст. Чор бор дароз кардани муҳлати қабул аз тарафи Маркази Миллии Тестӣ ҳам натиҷа надод.

Коллеҷҳои омӯзгорӣ дар минтақаи Кӯлоб низ истисно набудаанд. Аз ҳама бештар қабули писарон ба коллеҷҳо рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Аз 946 хонадаи Коллеҷи омӯзгории Кӯлоб танҳо 22 нафари онҳо писар ҳастанд.

Чунин раванд, ба гуфтаи намояндагони Коллеҷ, ба соатҳои дарсӣ ва таъмини молӣ таъсир гузошт. “Боис ба таасуф аст, ки нақшаи қабули донишҷӯён дар соли таҳсили 2023-2024 ҳамагӣ 34 дарсад иҷро гашт. Ин омил боиси кам гаштани маоши кормандони маъмурӣ ва хоҷагӣ шуд,” – гуфт Латофат Одиназода, мудири Коллеҷи омӯзгории Кӯлоб.

"Донишҷӯй нест, пул нест"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Кам шудани донишҷӯёнро ба иҷрои қонуни нави хидмати ҳарбӣ пайванд медиҳанд. Ҷалби донишҷӯёни дар ҳоли таҳсил ба артиш бо тарзҳои гуногун омӯзгорону раҳбарони баъзе аз донишгоҳҳро низ нигарон намудааст.

Намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ борҳо хостанд, ки барои пешгирӣ аз ин раванд қонуни хидмати ҳарбӣ бознигарӣ шавад. Порлумон ва Вазорати дифои Тоҷикистон ҳамеша аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG