Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

41 ширкати хориҷӣ аз Русия ба Қазоқистон кӯчидааст


Аз Русия 41 ширкати хориҷӣ ба Қазоқистон кӯчидааст, ки гардиши тиҷораташон бештар аз 1,5 млрд долларро ташкил медиҳад. Дар ин бора Бауирҷон Худойберганов, ноиб-вазири иқтисоди миллии Қазоқистон хабар дод.

Худойберганов гуфт, кор бо ин ширкатҳо ба таври инфиродӣ идома дорад. Ба гуфтаи вай, бархеҳо қитъаи замин мехоҳанд, дигарон имтиёзу сабукӣ ва ғайра.

Ҳанӯз моҳи майи соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Алмос Айдаров гуфта буд, ки мақомоти Қазоқистон ба кӯчидани ширкатҳои хориҷӣ аз Русия ба ин кишвар ҳавасманд ҳастанд.

Айдаров он замон гуфта буд, ширкатҳои олмонӣ, амрикоӣ, швейтсарӣ, ҷопонӣ ва ғайра барои кӯчидан аз Русия ба Қазоқистон даъват шудаанд.

Баъди ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина бисёре аз ширкатҳои хориҷӣ гуфтанд, фаъолияташонро дар Русия қатъ мекунанд.

XS
SM
MD
LG