Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

19 сол. Эълони ҳукми Акмал Юсуфзода, корманди пешини ВКД ва хешовандаш


Акси Исмоил Раҳмонов ва Акмал Юсуфзода
Акси Исмоил Раҳмонов ва Акмал Юсуфзода

Додгоҳи олии Тоҷикистон Акмал Юсуфзода, подполковники Вазорати корҳои дохилиро 19 сол аз озодӣ маҳрум кард. Пештар додситон барои ӯ аз додгоҳ 20 сол зиндон хоста буд.

Додрас Юсуфзодаро ба рабудан ва қатли Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат гунаҳкор донистааст. Ҳарчанд худаш ва вакили дифоаш гуфтанд, афсар нияти куштани омӯзгорро надошт.

Ҳамроҳи Акмал Юсуфзода хешованди ӯ Исмоилҷон Шукуров ҳам 12 сол зиндонӣ шудааст. Ин муҳлати ҷазоро додситон барои Шукуров талаб карда буд. Қаблан ду вакили дифои Шукуров айбномаро рад карда гуфта буданд, ӯ аз рабудани омӯзгор хабар надошт ва фикр кардааст, ки дар рабудани кадом ҷинояткор кумак мерасонад.

Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ дар посухи хатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Акмал Юсуфзода ва Исмоилҷон Шукуров 28-уми феврали имсол содир шудааст.

Ба қавли манбаъ, Юсуфзода бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ одамрабоӣ бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 130 қисми 2) ва куштор бо бераҳмии махсус (моддаи 104 қисми 2) гунаҳкор донист. Исмоилҷон Шукуров бошад, танҳо ба одамрабоӣ гунаҳкор шудааст.

Вокуниши пайвандони ин ду нафар ва ҳам наздикони омӯзгор Исмоил Раҳмонов ба ҳукми додгоҳ то ин лаҳза дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо аз ҳукми додгоҳ то куҷо розианд.

Парвандаи рабудани омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат баъди шаш моҳи таҳқиқ, охири январ ба Додгоҳи олӣ расида буд. Ҳодисаи рабудани Исмоил Раҳмонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳоеро ба миён гузошта буд. Дар бораи қазияи рабудани ин омӯзгор нахуст Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ гузориш дода буд.

Ба иттилои додситонӣ, Акмал Юсуфзода шаби 12-уми июни соли 2023, “бо нияти ҷазо додан”, Исмоил Раҳмоновро аз назди қурутобхонаи “Муслим”-и Душанбе рабуда, ба ноҳияи Айнӣ мебарад ва ба дарёи Фон мепартояд. Ҷасади омӯзгор то ҳол пайдо нашудааст. Сабаби ин ҳодиса ба гуфтаи додситон, рашки Юсуфзода аз мукотибаи ҳамсараш бо Исмоил Раҳмонов будааст. Аммо пайвандони омӯзгор гуфтанд, Исмоил Раҳмонов бо ҳамсари Акмал Юсуфзода дар Донишгоҳи тиҷорат танҳо ҳамкор буданд ва миёни онҳо ягон робитаи дигар ҷой надошт.

Акмал Юсуфзода то вақти боздошт, сардори Шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байнулмилалии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта буд.

XS
SM
MD
LG