Аз ҳашт вакили узви Кумита 6 нафар ба ҷонибдорӣ аз он оовз доданд.
Тарҳи қонун "Дар бораи ВАО", ки аз тарафи дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон таҳия шудааст, дар миёнаҳои моҳи декабри соли 2023 барои баррасӣ ва қабул ба порлумони он кишвар расид.
Муаллифони тарҳи мазкур гуфтаанд, қонуни ҳозира "Дар бораи ВАО" куҳна шуда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест.
Тарҳи нави қонун, ки аз сӯйи дастгоҳи президент таҳия шудааст, низоми наверо пешниҳод мекунад, ки он "тавозун байни озодии баён, дигарандешӣ ва маҳдудиятҳои зарурӣ"-ро мадди назар дорад.
Дар сурати қабул, ин қонун аз муассисони сомонаҳои интернетӣ талаб хоҳад кард, ки ҳамчун расона дар Вазорати рушди рақамии Қирғизистон сабти ном шаванд.
Тарҳи мазкур, инчунин, ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ташкил кардани расонаро дар Қирғизистон манъ хоҳад кард.
Коршиносон ва ҷомеаи расонаии Қирғизистон борҳо аз ин тарҳи қонун интиқод кардаанд. Ба бовари онҳо, тарҳи мазкур ба озодии баён ва нишондодҳои демократӣ таҳдид мекунад.