Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

43 кишвар хостори таҳқиқи марги Навални шуданд


43 кишвар талаб карданд, ки марги мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний таҳқиқи мустақили байналхалқӣ шавад.

Ин мухолифи ҳукумати Русия дар зиндон фавтид. Ҳамсафонаш мегӯянд, Навалнийро куштаанд.

Лотте Кнудсен, роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар СММ рӯзи 4 март гуфт, ки 43 давлат хоҳони таҳқиқи марги Навалний шудаанд. Вай афзудааст, ҷавобгарии ниҳоии марги Навалний, бино ба бовари ин 43 давлат, бар дӯши президенти Русия Владимир Путин аст.

"Русия бояд ба таҳқиқи байналхалқӣ ва шаффофи марги Навалний иҷоза диҳад", - гуфт Кнудсен.

Миёни кишварҳое, ки таҳқиқи марги Навалнийро кардаанд, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Бритониё, Украина, Австралия, Канада, Зеландияи Нав ва Норвегия ҳастанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, марги Навалний табиӣ буд. Ҳамсар ва ҳамсафони вай мегӯянд, Навалнийро куштаанд.

XS
SM
MD
LG