Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар Душанбе мегузарад


Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасону ҷавонон дар риштаи ҷудо бори аввал дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Барои мизбонии қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасону навҷавонон Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Бар асоси созишнома миёни ин ду ниҳоди варзишӣ мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни наврасону ҷавонон моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Зимнан, имсол дар Душанбе баргузории мусобиқаи «Dushsnbe Grand Slam-2024» рӯзҳои 3-5-уми май ба нақша гирифта шудааст.

Ин мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” ба ҷойи "Dushanbe Grand Prix" баргузор мешавад.

Ибтикори шаҳрдории Душанбе ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар бораи сар аз соли 2024 дар пойтахти кишвар доир кардани яке аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо “Grand Slam” (“Тоскӯлоҳи бузург”) аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии ҷудо пазируфта шуд.

Ҳамакнун пеш аз Бозиҳои олимпии Порис-2024 беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе ҷиҳати ширкат дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024" меоянд ва барои дарёфти ҷоизаҳо ва имтиёзҳои олимпӣ талош меварзанд.

Зимнан, дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Prix 2023", ки соли гузашта бори аввал дар шаҳри Душанбе доир гардид, беш аз 300 варзишгар аз 44 кишвар ширкат карда буданд.

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 3️ медали тилло, 3️ нишони нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб намуд.

XS
SM
MD
LG