Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 март – эълони рӯзи аввали моҳи Рамазон дар Тоҷикистон


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 11-уми мартро рӯзи аввали моҳи Рамазон таъйин кард. Тибқи он, сокинони мусулмони ҷумҳурӣ то 9-уми апрел рӯза хоҳанд дошт.

Қарор ва тақвими моҳи Рамазон рӯзи 4-уми март нашр шуд. Масъулони Шӯрои уламо гуфтанд, тақвимро бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳо омода карданд.

Нисоби закот барои имсол 35 ҳазору 275 сомонӣ таъйин шудааст. Яъне, соҳибони ин миқдор дороӣ бояд 880 сомонӣ супоранд.

Садақаи фитр ба сари ҳар кас 7 сомонӣ ва фидя барои онҳое, ки имкони рӯзадорӣ надоранд, 420 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Дар ин моҳ мусулмонон аз дамидани субҳ то расидани шом аз хӯрдан ва нӯшидан худдорӣ карда, бештар ба ибодат ва хайр машғул мешаванд.

XS
SM
MD
LG