Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли қарақалпоқистонӣ аз Лаҳистон дархости паноҳандагӣ кардааст


Қошқорбой Торемуродов. Варшава, 1-уми марти 2024
Қошқорбой Торемуродов. Варшава, 1-уми марти 2024

Фаъоли иҷтимоии қарақалпоқистониҳо Қошқорбой Торемуродов, ки 29-уми феврал аз Австрия ба Варшава ихроҷ шуда буд, мегӯяд, аз Лаҳистон дархости паноҳандагӣ кардааст.

Торемуродов 1-уми март дар шабакаи иҷтимоии Х (собиқ Twitter) навишт, дар Варшава ӯро аз боздоштгоҳ озод карда, гуфтанд, то баррасӣ шудани дархосташ қаламрави Лаҳистонро тарк накунад.

Фаъоли қарақалпоқистонӣ баъд аз ихроҷаш аз Автсрия ва расидан ба Варшава боздошт шуда буд.

Торемуродови 48-сола солҳои охир дар Қазоқистон зиндагӣ мекард. Вай тирамоҳи соли гузашта бо мақсади иштирок дар як конфронси Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ба Лаҳистон рафта буд.

Баъд аз ин ӯро бо дархости Узбекистон боздошт карда буданд. Торемуродов бо гумони "сӯиқасд ба сохти конститутсионӣ" дар пайгард қарор дода буданд.

Пас аз иштирок дар конфронс вай ба Австрия рафт ва дархости паноҳандагӣ кард. Дар Австрия дархости ӯро рад карда, дубора ба Лаҳистон фиристоданд.

XS
SM
MD
LG