Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико 74 муҳоҷири ғайриқонуниро ба Узбекистон баргардондааст


Сарҳади Амрико
Сарҳади Амрико

Иёлоти Муттаҳида беш аз 70 шаҳрванди Узбекистонро ба зодгоҳашон баргардондааст.

Сомонаи “UzReport” рӯзи 3-юми марти имсол хабар дод, ки онҳо тавассути Мексика ба хоки Амрико гузашта буданд.

Чанде қабл ҳукумати Амрико дар бораи бозпас фиристодани 119 шаҳрванди Узбекистон гузориш дод.

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Узбекистон гуфт, узбекистониҳое, ки ғайриқонунӣ марзи Мексикаро убур ва вориди Амрико мешаванд, дастгир ва то содир шудани қарори ихроҷашон дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешаванд.

Пештар расонаҳо навишта буданд, ки дар ду соли охир шаҳрвандони Узбекистон дар рӯйхати касоне, ки ғайриқонунӣ вориди Амрико мешаванд, ба мақоми севум расидаанд. Дар ин бора дар оморе зикр шудааст, ки онро Fox News нашр кард.

XS
SM
MD
LG