Ин паҳлавони 21-солаи тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2024” - 1-уми март – дар вазни то 66 кило баъдӣ се пирӯзӣ ба рақибонаш Мартин Сетз аз Олмон, Виллис Гарсия аз Венесуэла ва Кубаничбек Ойбек Уулу аз Қирғизистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Эмомалӣ дар нимфинал ба намояндаи дастаи бетараф (AIN) Яго Абуладзе дастболо шуда, ба финал баромад. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ барои медали тилло ба намояндаи Исроил – Баруч Шмайлови 29-сола ғалаба кард.
Ба паҳлавони ҷавони тоҷик ба ҷуз аз медали тилло ва имтиёзҳои олимпӣ, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 5000 евро супурда шуд.
Зимнан, ин дувумин медали тиллои Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam” ба шумор меравад. Медали аввалини тиллоро низ ӯ соли гузашта дар Тошканд ба даст оварда буд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2024” 495 варзишгар (255 мард ва 240 зан) аз 68 кишвари чаҳор қораи ҷаҳон иштирок доранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа 14 варзишгар (10 мард ва 4 зан) дохиланд: мардон - Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Суннатулло Мусоев (ҳарду дар вазни то 81 кг), Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов (ҳарду дар вазни то 90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг); занон - Шукрона Қарчиева (-48 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг), Фазилат Гулбоева (-57 кг) ва Мавлуда Одинаева (-63 кг).
Дар рӯзи аввали мусобиқа дар Тошканд ба ғайр аз Эмомалӣ Нуралӣ, боз панҷ намояндаи Тоҷикистон рақобат карданд.
Дар сабқати мардон Меҳрзод Сӯфиев ва Ҳақдод Гулов, дар сабқати занон Шукрона Қарчиева, Аҳлия Муъминова ва Фазилат Гулбоева дар даврҳои интихобӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Барномаи мусобиқа:
1-уми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
2-юми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
3-юми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.
Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 евро, барои ҷойи дуюм 3000 евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ супурда хоҳад шуд.
Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар “Tashkent Grand Slam 2023” ду медал (як нишони тилло ва як биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило медали тилло гирифт. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.
Зимнан, “Tashkent Grand Slam 2024” чаҳорумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байнулмилалии ҷудо дар соли равон маҳсуб мешавад. Дар ду мусобиқаи имсола «Grand Prix Portugal 2024» ва “Paris Grand Slam 2024» паҳлавонони тоҷик бе медал монданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқаи “Baku Grand Slam 2024” бо як медали нуқра баргашт. Ин медалро Абубакр Шеров, паҳлавони 20-солаи тоҷик, дар вазни то 73 кило ба даст овард.