Вай ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки дар идораи пулис қарор дорад, вале сабаби боздошташро намедонад.
Достияров замоне боздошт шудааст, ки духтарашро ба кӯдакистон мебурд. Дана Сарсенбой, ҳамсари Достияров, гуфт, пулис шавҳари ӯро задааст.
Абзал Достияров баҳсҳои додгоҳии рӯзноманигор Думан Муҳаммадкаримро дар шаҳри Конаев бозтоб медод.