Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Kaktus.media барои пардохтани ҷарима аз хонандагон ёрӣ хост


Сомонаи Kaktus.media дар Қирғизистон эълом кард, ки барои пардохтани ҷарима аз рӯйи шикояти нашрияи "Вечерний Бишкек" ба ёрии хонандагон ниёз дорад.

Бар асоси қарори Додгоҳи олии Қирғизистон аз 10-уми ноябри соли 2023, рӯзноманигор Диля Юсупова бояд 100 ҳазор сом ва Бунёди иҷтимоии "ПроМедиа Плюс" (муассиси расонаи Kaktus.media) 500 ҳазор сом бидиҳанд.

"Рӯзи 21-уми феврал судиҷрочиён ба идора омада, пешниҳод карданд, ки қарори додгоҳ довталабона иҷро шавад. Диля Юсупова чунин пул надорад. Расона амалан ҳамаи даромадашро барои пардохти моҳона, молиёт ва харҷҳои маъмурӣ равона мекунад", - гуфтанд дар Kaktus.media.

Расона рӯзи 28-уми феврал 100 ҳазор соми ҷаримаро дода, вазифадор шудааст, ки 400 ҳазори дигарро то 1-уми май мепардозад.

Моҳи феврали соли 2023 нашрияи "Вечерний Бишкек" "Kaktus.media"-ро ба додгоҳ кашид. Баҳси ду расона баъд аз он сар зад, ки "Kaktus.media" навишт, "Вечерний Бишкек" баста, кормандонаш сабукдӯш шудаанд.

Ибтидо додгоҳи зинаи поёнӣ шикояти "Вечерний Бишкек"-ро қонеъ ва хабарнигори "Kaktus.media" Диля Юсуповаро ба пардохти 500 ҳазор сом ва "Kaktus.media"-ро низ ба пардохтани ҳамин миқдор ҷуброн вазифадор карда буд.

Вале Додгоҳи олии Қирғизистон қисман қарорашро дар бораи шикояти "Вечерний Бишкек" аз болои расонаи "Kaktus.media" тағйир дод.

Ба ин тартиб, додгоҳ қарор кард, ки хабарнигори "Kaktus.media" на 500 ҳазор сом, балки 100 ҳазор сом (бештар аз 1100 доллари ИМА) ҷарима пардозад. Ҷаримаи "Kaktus.media" бидуни тағйир монд.

"Kaktus.media" дар навбати худ мегӯяд, матлаби нашркардааш дуруст буд, зеро нашрияи "Вечерний Бишкек" то кунун аз чоп намебарояд ва қарздории ин нашрия бо санадҳо исбот шудааст.

XS
SM
MD
LG