Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот дар Эрон пас аз ду соли саркӯби эътирозгарон


Раъйдиҳӣ дар Эрон, 1-уми марти 2024
Раъйдиҳӣ дар Эрон, 1-уми марти 2024

Рӯзи 1-уми март дар Эрон интихоботи аъзои Маҷлис шуруъ шуд. Ҳамроҳи вакилони нави порлумон ҳайати Шӯрои хубрагонро низ интихоб мекунад.

Интихобот дар пасманзари бетафовутӣ ва дилмондагии фавқулодаи ҷомеа аз мақомот ва даъватҳо ба таҳрим ё бойкоти он мегузарад.

Ин овоздиҳии аввалин дар Эрон пас аз саркӯби бераҳмонаи эътирозҳо алайҳи қоидаҳои ҳатмии доштани ҳиҷоб барои занону духтарон дар соли 2022 аст. Эътирозҳо баъд аз марги Маҳсо Аминӣ дар идораи полиси Теҳрон сартосари Эронро гирифт.

Бисёре аз онҳое, ки аз таҳаввулоти кишвар ва мушкилоти иқтисодӣ дилмонда шудаанд, ширкат дар интихоботро “бефоида” медонанд. Онҳо ба ин боваранд, ки дар ниҳоят боз ҳам қудрат дар дасти муҳофизакорон хоҳад монд.

Дар Эрон барпо кардани назарпурсиҳои мустақил кори мушкил аст ва ҳукумат чунин пурсишҳоро кам андар кам доир мекунад.

Бино ба натиҷаи як пурсиши афкори умум на бештар аз 30 дарсади мардуми қобили раъй гуфтаанд, ки дар овоздиҳӣ иштирок хоҳанд кард. Ин пурсиш дар остонаи интихобот аз ҷониби як маркази наздик ба ҳукумат анҷом шуда, натиҷаҳои он бо роҳҳои пинҳонӣ ба матбуот роҳ ёфтааст. Дар интихоботи соли 2020 ҳузури овоздиҳандагон 42,6 дарсад буд.

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ ҳангоми овоздиҳӣ аз сокинони кишвар хсот, ҳарчи зудтар ва дастҷаъона раъй бидиҳанд, чун, ба гуфтааш, интихоботи Эронро ҳам дӯст ва ҳам душманонаш мушоҳида мекунанд.

“Дӯстонро шоду душманонро ноком гардонед,” -- гуфт Хомании 84-сола баъди овоздиҳӣ, ки ба таври зинда дар телевизион намоиш дода шуд.

Оятулло Алии Хоманаӣ
Оятулло Алии Хоманаӣ

Аз 85 миллион аҳолии Эрон 61 миллион нафар ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд. Барои ишғоли 290 курсии Маҷлис имсол 15 ҳазор номзад мубориза мебарад. Шӯрои хубрагон, ки ниҳоди бонуфузу тасмимгирандаи муҳими сиёсатҳои кишвар дониста мешавад, ҳар ҳашт сол нав мешавад.

Чанд нафари маъруфи сиёсию маданӣ дар Эрон, аз ҷумла, барандаи ҷоизаи Нобел Наргис Муҳаммадӣ аз мардум даъват карданд, ки дар интихобот иштирок накунанд, чун натиҷаҳои онро пешгӯишаванда номиданд.

Мустафо Тоҷзода, собиқ муовини вазири корҳои дохилии Эрон, гуфт, дар интихобот ширкат нахоҳад кард, чун, ба гуфтааш, раҳбари олии Эрон ба мушкилоти ин кишвар комилан бкфарқ аст.

XS
SM
MD
LG