Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли қарақалпоқистониро аз Вена ихроҷ кардаанд


Қошқорбой Торемуродов
Қошқорбой Торемуродов

Фаъоли иҷтимоии қарақалпоқистониҳо, шаҳрванди Узбекистон Қошқорбой Торемуродов, 29-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки "пулиси Австрия ӯро дар қатор (поезд) шинонда, ба Варшава фиристоданд".

Дар созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom for Eurasia гуфтанд, Торемуродов дар фурудгоҳи Варшава дар боздоштгоҳи муваққат қарор дорад.

"Ӯ барои дарёфти паноҳандагӣ дархост дода буд. Ҳомиёни ҳуқуқ дахолат карданд. Ба вай гуфтанд, ки барои шаҳрвандони Узбекистон паноҳандагӣ намедиҳанд", - гуфт Лайло Нозгул Сейитбек, як масъули созмони Freedom for Eurasia.

Пештар мақомоти Лаҳистон Торемуродовро огоҳ карда буданд, ки бояд давоми 30 рӯз он кишварро тарк кунад.

Торемуродови 48-сола солҳои охир дар Қазоқистон зиндагӣ мекард. Вай тирамоҳи соли гузашта бо мақсади иштирок дар як конфронси Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ба Лаҳистон рафта буд.

Баъд аз ин ӯро бо дархости Узбекистон боздошт карда буданд. Торемуродов бо гумони "сӯиқасд ба сохти конститутсионӣ" дар пайгард қарор дода буданд.

Пас аз иштирок дар конфронс вай ба Австрия рафт ва дархости паноҳандагӣ кард.

Дар Австрия дархости ӯро рад ва 6-уми ноябр худи ӯро дубора ба Лаҳистон ирсол карданд.

XS
SM
MD
LG