Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Бишкек дархости рӯзноманигорони 24.kg-ро напазируфт


Додгоҳи шаҳри Бишкек ба кормандони хабаргузории 24.kg иҷозат надодааст, ки ба маҳалли корашон баргарданд.

Ба гуфтаи рӯзноманигорони хабаргузорӣ, додгоҳи Бишкек 29-уми феврал қарори Додгоҳи ноҳияи Якуми Майи шаҳрро, ки дар асоси он дари коргоҳашон муҳр зада шудааст, бетағйир гузошт.

Ба гуфтаи вакили дифои хабаргузорӣ Нурбек Сиддиқов, дар Кодекси ҷиноии Қирғизистон гуфта нашудааст, ки дари коргоҳ бояд муҳр зада шавад. Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ баъд аз бозҷӯӣ ҳамаи ашёи лозимиро бо худ бурданд ва фаъолияти расона ҳоло манъ нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, баста будани дари коргоҳ кори расонаро мушкил кардааст.

Пештар Додгоҳи ноҳияи Якуми Май ҳам шикояти хабаргузории 24.kg-ро рад карда буд.

Вакилони дифои 24.kg аз додгоҳ хоста буданд, то рафтори муфаттишон, ки рӯзноманигоронро ҳангоми бозҷӯии коргоҳи расона ба дохил роҳ надоданд, фаъолияти онҳоро манъ карда, ҳамчунин хостанд, маълумот дар ин заминаро ифшо накунанд, ғайриқонунӣ биномад.

Рӯзи 15-уми январи имсол маъмурони амниятӣ ба коргоҳи хабаргузории 24.kg даромаданд. Онҳо чанд соат коргоҳро кофтанд, санадҳо, дастгоҳҳои хабаргузорӣ ва телефонҳои шахсии кормандонро бо худ бурданд. Мудири кул Асел Оторбоева, сармуҳаррирон Антон Лимар ва Маҳинур Ниёзоваро ба бозпурсӣ бурданд.

Дар КДАМ гуфтанд, кофтукоб дар коргоҳи 24.kg дар доираи парвандаи "Тарғиби ҷанг" сурат гирифтааст. Асел Оторбоева ва Маҳинур Ниёзова рӯзи 17-уми январ дубора ба бозпурсӣ даъват шуда буданд.

XS
SM
MD
LG