Порлумони Қазоқистон 28 феврал лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунеро қабул кард, ки барои хушунати хонаводагӣ ҷазои сангинтар пешбинӣ мекунад.
Ҳоло лоиҳаи қонун барои баррасӣ ба Сенат, палатаи болоии порлумони Қазоқистон пешниҳод шудааст. Он барои кудакозорӣ ва куштори кудакон ҳабси якумрӣ пешбинӣ карда, ҷазоро барои расонидани зарари сабук, миёна, вазнин ба саломатӣ ва шиканҷа сахтар мекунад.
Дар лоиҳаи қонун барои қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ ҷарима дар ҳаҷми то 164 доллар, то 200 соат корҳои ҷамъиятӣ ва ё то 50 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Ба навиштаи "Власть", вакилони порлумони Қазоқистон банди маҳрумшавӣ аз озодиро барои расонидани зарари миёна ба саломатӣ ҳазф карда, барои расонидани зарари вазнин то ду соли зиндон пешбинӣ кардаанд.
Хушунати хонаводагӣ яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Бино ба оморҳои расмӣ, бисёре аз занон дар Қазоқистон аз сӯи ҳамсарон ва ё ҳамхонаҳои худ хушунат мебинанд. Пулиси он кишвар ҳамасола бештар аз 100 ҳазор шикоят аз хушунат нисбати занон дарёфт мекунанд.