Ташаббуси шаҳрдории Душанбе ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар бораи сар аз соли 2024 дар пойтахти кишвар доир кардани яке аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо “Grand Slam” (“Тоскӯлоҳи бузург” аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) пазируфта шуд.
Ҳамакнун пеш аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024", ки рӯзҳои 3-5-уми май барпо мегардад, беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд ва барои дарёфти ҷоизаҳо ва имтиёзҳои олимпӣ талош меварзанд.
Зимнан, дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Prix 2023", ки соли гузашта бори аввал дар шаҳри Душанбе доир гардид, беш аз 300 варзишгар аз 44 кишвар ширкат карда буданд.
Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 3️ медали тилло, 3️ нишони нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб намуд.
Медалҳои тиллоро паҳлавонони тоҷик Обид Ҷебов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) соҳиб шуданд.
Шодмон Ризоев (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф гаштанд. Меҳрзод Суфиев (-60 кг) медали биринҷӣ гирифт.
Дар ҳамин ҳол паҳлавонони тоҷик ба мусобиқаи ҷудо “Tashkent Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 1-3-юми март дар пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2024” то ҳоло 501 варзишгар (258 мард ва 243 зан) аз 69 кишвар номнавис шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа 14 варзишгар (10 мард ва 4 зан) дохиланд.
Тоҷикистонро дар сабқати мардон Меҳрзод Суфиаев, Ҳақдод Гулов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (- 66 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Суннатулло Мусоев (ҳарду дар вазни то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Акмал Муродов (ҳарду дар вазни то 90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Дар сабқати занон бошад, чаҳор нафар аз Тоҷикистон – Шукрона Қарчиева (-48 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг), Фазилат Гулбоева (-57 кг) ва Мавлуда Одинаева (-63 кг) – ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Барномаи мусобиқа:
1-уми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
2-юми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
3-юми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпии IJF хоҳанд шуд.
Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 евро, барои ҷойи дуюм 3000 евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ супурда хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар “Tashkent Grand Slam 2023” ду медал (як нишони тилло ва як биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило медали тилло гирифт. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.
Зимнан, “Tashkent Grand Slam 2024” чаҳорумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байнулмилалии ҷудо дар соли равон маҳсуб мешавад.
Дар ду мусобиқаи имсола «Grand Prix Portugal 2024» ва “Paris Grand Slam 2024» паҳлавонони тоҷик бе медал монданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқаи “Baku Grand Slam 2024” бо як медали нуқра баргашт. Ин медалро Абубакр Шеров, паҳлавони 20-солаи тоҷик, дар вазни то 73 кило ба даст овард.