Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия раиси ҷамъияти узбеконро ба рӯйхати террористон даровард


Усмон Баротов
Усмон Баротов

Вазорати адлияи Русия номи раиси ҷамъияти узбекон "Ватандош" Усмон Баротовро ба рӯйхати террористону экстремистон ворид кардааст.

Дар ин бора "Новая газета Европа" хабар дод. Мақомоти Русия шарҳ надодаанд, ки чаро Баротов ба ин рӯйхат шомил шуд.

Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, ки ба зидди Баротов барои як навиштааш дар бораи гароншавии арзиши тухми мурғ парванда кушод.

Моҳи декабр Баротов дар шабакаҳои иҷтимоӣ расмеро бо навиштаи "Хурӯсҳоро аз ҷанг баргардонед!" нашр кард.

Блогерони рӯ ба Кремл ба ин навишта таваҷҷуҳ ва ҷанҷолеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ карданд. Онҳо аз роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин хостанд, ки Баротов ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад.

Баъд аз он Баротов боздошт шуд. Бастрикин дастур додааст, ки алайҳи Баротов ба гумони "таҳқири ширкаткунандагони амалиёти махсуси низомӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Ба иттилои кумита, Баротов гуё дар шабакаҳои иҷтимоӣ "навиштаи таҳқиромез"-еро нашр кардааст ва рӯзноманигорони низомии Русия аз Бастрикин хостаанд, ки ба он таваҷҷуҳ кунад.

Дертар муаллифи канали "Readovka" навишт, Баротов шаҳрванди Русия аст ва мардуми русро ба ҷои эҳтиром дар шабакаҳои иҷтимоӣ "таҳқир" мекунад.

XS
SM
MD
LG