Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Русия содироти бензинро аз 1 март манъ мекунад


Ин маҳдудият ним сол давом мекунад ва ба содироти бензин ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Узбекистон, Муғулистон, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ дахл нахоҳад дошт.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, манъи содироти бензинро ноиб-сарвазири Русия Александр Новак пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи вай, дар бозори дохилӣ ба далели фаро расидани мавсими кишт ва мавсими рухсатҳои тобистонӣ ба зудӣ талабот ба ин навъи маводи сӯхт меафзояд.

Ин дар ҳолест, ки вазири энержии Русия Николай Шулгинов 20 феврал гуфта буд, дар чанд корхонаи полоиши нафт таъмир сурат хоҳад гирифт.

Радиои Озодӣ пештар навишта буд, манъи содироти бензин дар Русия ба ҳамлаҳои пайвастаи артиши Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия ва садамаҳое рабт дорад, ки ба далели таҳримҳои ғарбӣ Русия наметавонад, он корхонаҳоро ба зудӣ таъмир кунад.

XS
SM
MD
LG