Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президенти Радиои Озодӣ бо Зеленский дар Киев


Стивен Капус ва Владимир Зеленский
Стивен Капус ва Владимир Зеленский

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский 26-уми феврал бо президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Стивен Капус, ки дар доираи як сафар дар шаҳри Киев қарор дорад, мулоқот кард.

Зеленский ва Капус, аз ҷумла кори рӯзноманигорон дар Украинаро дар шароити ҳамлаи Русия ба он кишвар баррасӣ кардаанд.

Президенти Украина ба кори расонаҳои байнулмилалӣ, бахусус Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ баҳои баланд дода, гуфтааст, он дар бораи ҷиноятҳои ҷангии эҳтимолии Русия ва ҳаводиси Украина хабар дода, дурӯғпароканиҳоро рад ва таваҷҷуҳи ҷомеаро ба вазъи кишвараш ҷалб месозад.

Капус ва Зеленский ҳамчунин талошҳоро барои озодсозии рӯзноманигори бахши украинии Радиои Озодӣ Владислав Есипенко, ки қариб се сол мешавад, бо иттиҳоми ба гуфтаи масъулони радио ва Украина, сохта аз озодӣ маҳрум аст, баррасӣ кардаанд.

Есипенко бо бахши украинии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ ва дар тарҳи радио бо номи "Қрим. Воқеият" кор мекард.

Ӯ шаҳрвандии Русия ва Украинаро дорад. Шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ мегӯяд, ки Есипенко барои ҷамъоварии иттилоъ ба "нафъи хадамоти махсуси Украина" дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG