Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ раиси Исфараро ҳақ, вале сокинонро ноҳақ донист


Як сокини Исфара, ки зидди сохтани баландошёна дар варзишгоҳ аст.
Як сокини Исфара, ки зидди сохтани баландошёна дар варзишгоҳ аст.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукумати шаҳри Исфараро дар як баҳс ҳақ номид ва даъвои сокинонро беасос донист.

Гурӯҳе аз сокинон ва волидони мактаббачагони муассисаи таълимие дар маҳаллаи Мӯлдони шаҳри Исфара эътироз доштанд, ки раиси шаҳр дар варзишгоҳи наврасон иҷозаи сохтмони бинои баландошёна додааст.

Ин баҳс тақрибан як сол дар се зинаи додгоҳӣ баррасӣ шуд. Қарори ниҳоӣ аз ҷониби се додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон санаи 14-уми феврали соли 2024 содир гардид ва барои сохтмони ду хонаи бисёрқабата иҷоза дода шуд.

Баҳс аз он оғоз шуд, ки Манучеҳр Валиев, як соҳибкори маҳаллӣ бо имзои Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара аз якуми феврали соли 2023 дар майдони 0,40 гектар қитъаи замин дар назди мактаб қарори сохтмони ду бинои истиқоматии баландошёнаро дастрас кард.

Ин қитъаи замин дар ҷое қарор дорад, ки солиёни зиёд ҳамчун варзишгоҳ барои сокинони чандин маҳалла ва муассисаи таълимии рақами 2-и шаҳри Исфара истифода мешуд. Саидалӣ Миристоев бо намояндагӣ аз сокинон барои бекор шудани ин қарор ба додгоҳ шикоят кард, вале ду додгоҳ дар вилояти Суғд ва додгоҳи Олӣ даъвои ӯро рад карданд.

Додгоҳ гуфтааст, ки ин замин расман майдончаи варзишии мактаб набуд ва сокинон онро муваққатан истифода мебурданд. Дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, ки аз “соли 2013 қитъаи мазкур барои сохтмони хонаҳои истиқоматии замонавии баландошёна пешбинӣ шудааст.”

Радиои Озодӣ низ дар ин мавзӯъ соли гузашта гузориши видеоӣ таҳия карда буд. Он замон дар суҳбат гурӯҳе аз сокинон ва волидони мактаббачагони муассисаи таълимие дар шаҳри Исфара талаб карданд, ки дар ҷойи варзишгоҳи наврасон бинои баландошёна насозанд.

Видеоро инҷо бинед:

Даъво сари замин дар Исфара то президент рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Ба гуфтаи сокинон, ин майдони холиро наврасону ҷавонони гузарҳои Ҷӯйи боло, Мӯлдон, Гузари Эшон ва Саидон ҳамчун варзишгоҳ истифода мебаранд.

Ҳоло майдонро барои сохтмони бинои баландошёна омода мекунанд. Вале аз наворҳое, ки сокинон як сол пеш фиристоданд, дида мешавад, ки наврасон дар ин ҷо ба бозиҳои варзишӣ машғуланд. Ин ҷо ба мактаби рақами 2-и шаҳр наздик аст, ки майдончаи варзишӣ надорад. Ҳарчанд майдони тахрибгардида расман марбути Вазорати маориф нест, онро чандин даҳсола ҳамчун варзишгоҳ истифода кардаанд. Инро бахши маорифи шаҳр низ собит менамояд.

Манучеҳр Валиев, соҳибкоре, ки ҳоло ба ин қитъаи замин соҳиб шудааст, мегӯяд, тибқи як қарори ҳукумати маҳаллӣ аввали моҳи феврали соли 2023 ба ин замин соҳиб гардид ва нияти сохтани Маркази маишӣ ва истиқоматиро дорад. Дар қарори шаҳрдории Исфара ҳам навишта шудааст, ки “ин қитъаи замин ба Манучеҳр Валиев барои сохтмони ду адад хонаи истиқоматии замонавӣ ва бинои истиқоматии бисёрҳуҷрагии баландошёна дода шавад.”

Ҳарчанд Додгоҳи зинаи охирин ба фоидаи соҳибкор қарор содир кардааст, вале падару модарон ноумед нагашта хоҳони он ҳастанд, ки бо назардошти манфиати ҷомеа ва мактабиён бунёди варзишгоҳ бознигарӣ шавад.

Бунёди биноҳои баландошёна солҳои охир ба монанди гӯшаҳои дигари Тоҷикистон дар Исфара низ афзудааст, вале сокинон мегӯянд, сохтмони биноҳои нав мавқеи зисти онҳоро танг ва тақсими обу барқро мушкил мекунад. Масъулони шаҳрдорӣ мегӯянд, аксари сохтмони биноҳои нав тибқи нақшаи генералӣ сурат мегирад ва сокинон аз ин пешрафт истиқбол мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG