Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон пахши садои занон дар расонаҳоро манъ карданд


Хабарнигорони зан дар як радиои маҳаллӣ дар Қандаҳори Афғонистон. Акс аз соли 2020
Хабарнигорони зан дар як радиои маҳаллӣ дар Қандаҳори Афғонистон. Акс аз соли 2020

Маркази хабарнигорони Афғонистон рӯзи 25-уми феврал хабар дод, ки як фармондеҳи амниятии Толибон дар вилояти Хусти Афғонистон тамоси духтарону занон бо радиову телевизионҳоро манъ кардааст.

Дар радиову телевизионҳои маҳаллӣ дар Хуст барномаҳои фарҳангиву омӯзишӣ пахш мешавад ва духтарон занг зада, дар ин барномаҳо ширкат мекунанд ва бо ровиёни мард гап мезананд.

Абдулрашид Умарӣ, фармондеҳи амниятии ҳукумати Толибон дар Хуст дар номаи худ гуфтааст, ки духтарон ҳангоми суҳбат дар расонаҳо “бадахлоқ мешаванд.”

Соҳибони ду радиои маҳаллӣ дар вилояти Хуст тасдиқ карданд, ки Толибон ба онҳо дастур додаанд, то бо духтарон суҳбат накунанд ва ба онҳо минбар надиҳанд.

Бар асоси ин нома, ки нусхаи онро Маркази рӯзноманигорони Афғонистон дар торнамои худ чоп кардааст, на танҳо ба занону духтарон иҷоза дода намешавад, ки тариқи телефон дар барномаҳои радиову телевизион суҳбат кунанд, балки ҳарфи онҳоро низ набояд хаттӣ касе дар барномаҳо бихонад. Ин масъули Толибон гуфтааст, агар ровие матни духтаронро дар барнома мехонад, ҷавобгар хоҳад шуд.

Дар номаи фармондеҳи Толибон гуфта шудааст, ки бархе духтарон дар барномаҳои фарҳангиву омӯзишии радиоҳои маҳаллӣ занг зада суҳбат кардаанд ва баъдан бо ровиёни мард робитаи номашрӯъ барқарор кардаанд.

Мақомоти Толибон ин номаро шарҳ надоданд.

Маркази хабарнигорони Афғонистон гуфтааст, ки пас аз баста шудани мактабҳо барои духтарон радиоҳои маҳаллӣ пахши барномаҳои омӯзишӣ дар ин вилоятро афзоиш доданд.

Самия Вализода, як масъули ин марказ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Толибон бояд ин тасмими худро лағв кунанд, чун он озодии занонро боз ҳам маҳдудтар мекунад.

"Маркази рӯзноманигорони Афғонистон талаб мекунад, ки ин маҳдудият аз байн бурда шавад, зеро он нақзи ошкори арзишҳо ва қонунҳои дар дохили Афғонистон муқарраршуда, аз қабили қонун дар бораи озодии дастрасӣ ба иттилоот аст,"—гуфт ӯ.

Яке аз занон дар Хуст бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмими Толибон ба маънои пурра берун кардани занон аз ҷомеа аст. Ӯ гуфт, вақте пахши садои занон ҷиноят дониста мешавад, ин маънои онро дорад, ки онҳо ба беҳуқуқтарин қишри ҷомеа табдил ёфтаанд.

Бар асоси омори Маркази рӯзноманигорони Афғонистон, дар вилояти Хуст 15 радио ва се телевизиони хусусӣ фаъолият доранд. Ҳама расонаҳо дар Афғонистон зери назорати Толибон кор мекунанд.

Толибон қаблан барои расонаҳо маҳдудиятҳои гуногун ҷорӣ карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон дар Ҳилманд ба расонаҳои ин вилоят гуфтааст, ки дар ҳеҷ барнома, аз ҷумла эълонҳои тиҷоратӣ, садои занонро пахш накунанд.

Мақомоти Толибон борҳо иддао кардаанд, ки ба озодии баён ва фаъолияти расонаҳо ва рӯзноманигорон дар чаҳорчӯби шариати исломӣ ва манофеи миллӣ пойбанд ҳастанд, аммо пас аз ғасби Афғонистон дар дуюним соли ахир ба расонаҳо маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ кардаанд, ки аз ҷониби кишварҳо, созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва ниҳодҳои пуштибонӣ аз расонаҳо шадидан танқид шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG