Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Шаҳром Самиев бо бошгоҳи “Андиҷон” қарордоди сесола баст.
Ин ҳамлагар аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 27 бозӣ карда, 7 гол задааст.
Самиев дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар панҷ бозӣ ширкат карда, 165 дақиқаро дар майдон гузарондааст.
Шаҳром Самиев 8-уми феврали соли 2001 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, фаъолияти касбиаш дар дастаҳои “Барқчӣ” ва ССКА “Помир” шуруъ шудааст.
Вай дар соли 2019 узви бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе гардид ва дар ҳайати ин даста ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд. Инчунин, ӯ дар тими “Истиқлол” Суперҷом ва Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.
Баъдан Самиев дар дастаҳои “Рубин” (Қазон, Русия), “Шериф”, “Динамо-Авто”, “Зимбру” (ҳама аз Молдова), “Торпедо-Жодино”, “Ислоч” (ҳар ду аз Беларус) ҳунарнамоӣ кардааст. Охирин бошгоҳи ин футболбози тоҷик “Милсами”-и Молдова буд.