Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дигари Трамп дар рақобати байни ҳамҳизбонаш


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти пешини Амрико, рӯзи 24-уми феврал дар рақобатҳои дохилиҳизбии Ҷумҳурихоҳон дар Каролинаи Ҷанубӣ пирӯз шуд.

Вай дар ин аёлат ҳамҳизбаш, сафири пешини Амрико дар Созмони Милал Никки Ҳейлиро ба осонӣ шикаст додааст.

Пештар Трамп дар рақобатҳои Ҷумҳурихоҳон дар Айова, Ню Ҳемпшир, Невада ва Вирҷиния низ пирӯз шуда буд.

Никки Ҳейлӣ бо фишори афзоянда барои тарки рақобат рӯбарӯст, вале гуфтааст, бо вуҷуди аз даст додани пирӯзӣ дар аёлате, ки аз соли 2011 то соли 2017 волияш буд, ба ҷое нахоҳад рафт.

Эҳтимол Доналд Трамп дар интихоботи тирамоҳи имсол дар муқобили номзади демократҳо Ҷо Байден қарор бигирад.

Трамп 77 сол дорад ва аз соли 2016 то 2020 раиси ҷумҳури Амрико буд.

XS
SM
MD
LG