Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наргис Муҳаммадӣ интихоботи Эронро "бойкот" кард


Наргис Муҳаммадӣ
Наргис Муҳаммадӣ

Наргис Муҳаммадӣ, ҳомии ҳуқуқи башари Эрон ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, ки дар зиндон аст, интихоботи қарибулвуқӯи порлумониро дар он кишвар таҳрим кард.  

Хонум Муҳаммадӣ дар баёнияе рӯзи 24-уми феврал интихоботро “намоишӣ” ва “супоришӣ” номид.

Вай гуфт, таҳрими интихобот на танҳо аз нигоҳи сиёсӣ, балки аз нигоҳи ахлоқӣ ҳам вазифаи ҳамагон аст.

“Ҷумҳурии Исломӣ бо саркӯбҳои бераҳмона ва ваҳшиёна, куштори ҷавонони ин сарзамин дар хиёбонҳо, эъдому зиндонӣ кардан ва шиканҷаи занону мардони ин сарзамин сазовори таҳримҳои миллӣ ва ҳақорати ҷаҳонӣ аст,” – афзуд ӯ.

Ба гузориши Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, бо вуҷуди таъкидҳои чандбораи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ бар зарурати ширкат дар интихобот, то кунун бисёре аз чеҳраҳои сиёсии хориҷ аз Эрон ва бархе аз фаъолони сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар дохил ин маъракаро бойкот кардаанд.

Интихоботи порлумонӣ ва Маҷлиси хибрагони Эрон рӯзи 1-уми март баргузор хоҳад шуд.

Баъзе аз назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки ҷомеа ба ин рӯйдод таваҷҷӯҳ надорад. Маркази афкорсанҷии донишҷӯёни эронӣ (ISPA) эълом кард, ки бар асоси назарсанҷиҳои моҳи феврали имсол танҳо 36 дарсади мардум аз ин маърака хабар доранд.

XS
SM
MD
LG