Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳо бо Саудӣ дар Қатар омода мешавад


Акс аз fft.tj
Акс аз fft.tj

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон пеш аз бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими миллии Арабистони Саудӣ дар Қатар ҷамъомади таълимию тамринӣ баргузор мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар аз 9-ум то 18-уми март дар шаҳри Доҳа тамрин менамояд.

Пас аз анҷоми ҷамъомад дар Қатар тими миллии Тоҷикистон барои баргузор кардани бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Арабистони Саудӣ 18-уми март ба шаҳри Риёз сафар хоҳад кард. Ин бозӣ 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд соати 23:59 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Баъдан, тими миллии Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар майдони худ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозии ҷавобии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро анҷом медиҳад. Ин бозӣ, ки

26-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, соати 20:00 шуруъ мешавад.

Зимнан, тими миллии Тоҷикистон муборизаро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G бо роҳбарии сармурабби нав Гела Шекиладзе, мутахассиси 53-солаи гурҷӣ, идома хоҳад дод.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал бозиро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, дар даври дуюм дар меҳмонӣ дастаи Покистонро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дода буд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ бо касби 6 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи Урдун бо касби як имтиёз дар ҷои сеюм мебошад. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифтааст.

Бозиҳои боқимондаи марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G имсол баргузор мешаванд.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Ҷоми ҷаҳон-2026. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 3-юм

21-уми март (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 23:59 бо вақти Душанбе

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон

Риёз, варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

Даври 4-ум

26-уми март (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG