Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо куштаи ҳамлаҳои шабонгоҳӣ ба Ғазза


Бар асари ҳамлаҳои шаби 24 феврал дар Ғазза беш аз 100 нафар кушта шудаанд. Айни замон, раиси хадамоти ҷосусии Исроил барои гуфтугӯҳо ба Париж рафтааст, то ки барои дастёбӣ ба созиш ва озодкунии гаравгонони дар дасти ҷангҷӯёни фаластинибуда пешрафте ҳосил шавад.

Музокироти Париж пас аз он сурат гирифт, ки тарҳи дурнамои Ғаззаи баъдиҷангӣ, ки аз сӯи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил таҳия шудааст, интиқодҳои шарики калидии он - Амрикоро ба бор овард ва аз сӯи маъмурияти Фаластин ва Ҳамос - як созмоне, ки онро Иттиҳоди Аврупо ва ИМА террористӣ меноманд, ҳам рад шуд.

Нигарониҳо аз вазъи мардуми осоишта дар ин қаламрав бештар мешавад ва Созмони Милал аз афзоиши хатари гуруснагӣ ҳушдор медиҳад.

XS
SM
MD
LG