Раҳбари барнома Синди Маккейн гуфт, ин тасмим дар пайи ғоратгариҳо ва ҳамлаи сокинони маҳаллӣ ба кормандони созмон гирифта шуд.
Ба гуфтаи Маккейн, созмон дар ин ҳолатҳо наметавонад амнияти кормандони худ ва онҳоеро, ки барои гирифтани ғизои бепул меоянд, таъмин кунад ва бинобар ин, тасмим гирифт, тақсими маҳсулотро дар Ғазза боздорад.
Дар созмон гуфтаанд, роҳҳои ҳалли ин мушкил ва аз саргирии тақсими ғизоро дар Навори Ғазза ҷустуҷӯ доранд.