Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Ятимов – дарвозабони гаронарзиштарин дар Осиёи Марказӣ


Рустам Ятимов
Рустам Ятимов

Рустам Ятимов, узви дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва тими миллии футболи Тоҷикистон, дарвозабони гаронарзиштарин дар Осиёи Марказӣ будааст.

Пойгоҳи интернетии “Transfermarkt” Рустам Ятимовро дарвозабони гаронбаҳотарин дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кардааст, ки арзишаш баъд аз Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар 300 ҳазор евро боло рафт ва ба 1 миллиону 200 ҳазор евро расид.

Ин дарвозабони 25-солаи тоҷик, инчунин, ба даҳгонаи гаронарзиштарин футболбозони Осиёи Марказӣ шомил шудааст.

Рустам Ятимов бо ҳунарнамоияш дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар ба дили ҳаводорони зиёди футбол роҳ ёфт.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар аввалин иштироки худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё то ба чорякфинал баромад, дар байни ҳашт дастаи беҳтарини мусобиқот дар Қатар ҷойгир шуд.

Дар ин муваффақияти тими миллии Тоҷикистон саҳми дарвозабони моҳир Рустам Ятимов бузург аст.

Дар умум мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ бозӣ анҷом дод. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бар Лубнон пирӯз шуда (2:1), бо Чин бозиро мусовӣ (0:0) кард ва аз дастаи Қатар шикаст хӯрд (0:1).

Дар бозии даври 1/8-ниҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабиро (1:1, 5:3 - аз рӯйи пеналти) мағлуб намуда, бозии даври чорякниҳоиро ба тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 бохт.

Рустам Ятимов беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар соли 2023 эътироф шудааст. Вай, инчунин аз рӯи натиҷагирии мавсими соли гузашта соҳиби ҷоизаи беҳтарин дарвозабони лигаи олии футболи Тоҷикистон гардид.

XS
SM
MD
LG