Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: Эрон ба Русия садҳо мушак додааст


Эрон аз оғози соли ҷорӣ ба Русия наздик ба 400 мушаки болдор додааст. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба шаш манбаъ аз дохили доираҳои низомии Эрон хабар додааст. Манбаҳо гуфтаанд, ирсоли мушак дар оянда ҳам дар назар аст.

Мушакҳои ирсолшуда метавонанд, мушакҳои навъи "замин ба замин"-и Fateh-110 бошанд. Ин навъи мушакҳо қодиранд, дар фосилаи аз 300 то 700 км ба ҳадаф расанд.

Манобеъ гуфтаанд, созиши ирсоли мушакҳо аз Эрон ба Русия баъди мулоқоти низомиёни ду кишвар дар поёни соли гузашта ҳосил шудааст. Бархе аз мушакҳоро аз Эрон ба Русия тавассути баҳри Каспий ва бархеи дигарро бо ҳавопаймо мебаранд.

Як мансабдори баландпояи эронӣ ба хабаргузорӣ гуфтааст: "Ирсоли мушакҳо идома мекунад. Ҳеч сабабе барои пинҳон кардани ин нест. Мо ҳақ дорем, ба ҳар кишваре ва чи қадаре хоҳем, ирсол кунем".

Мақомоти низомии Эрон ва Русия ба суолҳои Reuters посух надодаанд.

Баъди ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, Русияву Эрон ҳамкориҳои худро аз ҷумла дар бахши низомӣ густариш доданд.

Ин ду кишвар таҳти таҳримҳои зиёди байналхалқӣ қарор доранд. Эрон бештар аз 40 сол ва Русия баъди ғасби Қрим дар соли 2014. Таҳримҳо нисбати Русия баъди ҳамлаи густарда ба Украина дар охири моҳи феврали соли 2022 сахттар шуданд.

XS
SM
MD
LG