Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия зидди баровардани силоҳҳои ҳастаӣ ба кайҳон аст


Раиси ҷумҳури Русия гузоришро дар бораи нияти Маскав барои ҷобаҷо кардани аслиҳаи ҳастаӣ дар фазо рад намуд. Владимир Путин ин мавзуъро рӯзи 20-уми феврал дар вокуниш ба изҳороти як мақоми амрикоӣ матраҳ кард.

Ҷон Кирби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, рӯзи панҷшанбеи гузашта гуфт, Русия дар ҳоли сохтани як силоҳи "нигаронкунанда"-и нави зиддимоҳвораӣ аст. Ӯ бо ин ҳол таъкид кард, ки Русия ҳанӯз чунин силоҳеро дар фазо ҷойбаҷо накардааст.

Путин гуфт, "мавзеи мо комилан рӯшан ва шаффоф аст. Мо ҳамеша мухолифи ҷойбаҷо кардани силоҳҳои ҳастаӣ дар фазо буда ва ҳастем. Баръакс, мо аз ҳама мехоҳем ба созишномаҳое, ки дар ин замина вуҷуд дорад, пойбанд бошанд".

Ӯ дар нишасте бо Сергей Шойгу, вазири дифои ҳукумати худ хотирнишон кард, ки Русия танҳо "тавоноиҳои фазоиро рушд додааст, ки дигар кишварҳо, аз ҷумла, Амрико аз он бархӯрдоранд". Ва афзуд, "онҳо ин мавзуъро медонанд".

Вазири дифои Русия низ гуфт, "мо ҳеч силоҳи ҳастаӣ дар фазо барои истифода алайҳи моҳвораҳо ҷойбаҷо накардаем". Сергей Шойгу иддао кардааст, ки Кохи Сафед масъалаи тавоноиҳои фазоии нави Русияро матраҳ кардааст, то Конгрессро маҷбур кунад аз кумак ба Украина ҳимоят кунад.

Масъалаи "таҳдиди амниятии Русия"-ро ибтидо як намояндаи ҷумҳурихоҳи Кумитаи истихбороти Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбеи гузашта матраҳ кард.

Дар вокуниш ба ин изҳорот, Ҷон Кирби эълон кард, ки ин мавзуъ ба "тавсеаи тавоноиҳои зидди моҳвораии Русия" рабт дорад.

Ин мақоми Кохи Сафед бо ин ҳол иддаои мақомоти Русияро дар бораи пайванд доштани ин мавзуъ бо кумак ба Украина дар Конгресс рад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG