Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти футболбозони навраси тоҷик аз мунтахаби Русия дар "Ҷоми рушд"


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар бозии дуюмаш дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2024» дар Минск аз тими Русия (U-17) бо ҳисоби бузурги 1:6 шикаст хӯрд.

Дар ин бозии даври дуюми мусобиқа дар гурӯҳи “В”, ки 20-уми феврал дар толори футболи Минск баргузор шуд, чаҳор голи русиягиҳоро Бондарев ба самар расонд. Помалюк ва Парусов якголӣ заданд. Як голи мунтахаби Тоҷикистон ба Бобоназаров марбут аст.

Футболбозони навраси тоҷик дар аввалин бозиашон дар «Ҷоми рушд-2024» аз тими мизбон – Беларус (U-16) – бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Беларус, «Ҷоми рушд», ки дар толори футболи Минск бо иштироки ҳашт дастаи мунтахаби наврасон аз шаш кишвар - Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон - дар ду гурӯҳ баргузор шудааст, то рӯзи 24-уми феврал идома хоҳад кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо дастаҳои Русия (U-17), Беларус (U-16) ва Қазоқистон (U-16) ба гурӯҳи «В» шомил аст.

Ба чаҳоргонаи «А» дастаҳои наврасони Беларус (U-17), Русия (U-16), Узбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-16) дохиланд.

Натоиҷи бозиҳои ду даври “Ҷоми рушд-2024” чунин аст:

Гурӯҳи А


Русия (U-16) — Узбекистон (U-17) — 2:2 (Босов, 1, Тушич, 18; Тулаганов 24, 30).


Беларус (U-17) — Озарбойҷонн (U-16) — 2:0 (Губаревич, 9, Овсянников, 78).

Русия (U-16) — Озарбойҷон (U-16) — 1:0
(Маринкин, 33).

Беларус (U-17) — Узбекистон (U-17) — 1:1
(Волский, 24). 1:1 — Тулаганов, 37).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "А": 1. Беларус (U-17) — 4 имтиёз. 2. Русия (U-16) — 4. 3. Узбекистон (U-17) — 2. 4. Озарбойҷон (U-16) — 0.

Гурӯҳи "В"

Русия (U-17) — Қазоқистон (U-16) — 3:1 (Сидоров, 12, 70, Помалюк, 63; Сатгаев, 17).

Беларус (U-16) — Тоҷикистон (U-16) — 3:0 (Чергейко, 37 - аз пеналти, Веренич, 62 - аз пеналти, Сакута, 69).

Русия (U-17) — Тоҷикистон (U-16) — 6:1
Гол
ҳо: 1:0 — Помалюк (2). 1:1 — Бобоназаров (10). 2:1 — Бондарев (22). 3:1 — Бондарев (39). 4:1 — Бондарев (47). 5:1 — Бондарев (51). 6:1 — Парусов (76).

Беларус (U-16) — Қазоқистон (U-16) — 4:0
Гол
ҳо: 1:0 — Галиахмедов (34). 2:0 — Чергейко (51). 3:0 — Полуянов (79). 4:0 — Молчан (80).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "В": 1. Русия (U-17) — 6 имтиёз. 2. Беларус (U-16) — 6. 3. Қазоқистон (U-16) — 0. 4. Тоҷикистон (U-16) — 0.

Бозии сеюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16).дар “Ҷоми рушд-2024” 22-юми феврал муқобили мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-16) доир мегардад.

Тибқи низомномаи мусобиқа дар марҳилаи ниҳоӣ бозиҳои плей-офф баргузор мешаванд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойи аввалро мегиранд, ба финал роҳ меёбанд. Дар се бозии дигар соҳибони ҷойҳои 3-8-ум муайян хоҳанд шуд.

Иштирок дар «Ҷоми рушд-2024» дар Минск барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) яке аз давраҳои омодагии даста ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 19-ум то 27-уми октябри имсол доир мегардад, маҳсуб мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG