Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ба Узбекистон барои 30 сол $246 миллион қарз додааст


Ҳукумати Ҷопон гуфт, барои барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Узбекистон қарз ҷудо мекунад. Дар ин бора Оҷонси ҳамкориҳои байналхалқии Ҷопон (JICA) хабар дод.

Ба ин тартиб, дар асоси шартнома аз 19-уми феврал, Узбекистон аз Ҷопон 246,2 миллион доллар қарз дарёфт хоҳад кард.

Қарзи мазкур ба муҳлати сӣ сол дода мешавад ва баҳраи он 1,8 дарсад аст.

"Ин пул барои ҳимоят аз ислоҳоти бахши иқтисод харҷ мешавад. Қисме аз маблағ барои кумак ба қишри осебпазири аҳолӣ равона хоҳад шуд", - омадааст дар хабари JICA.

Ба иттилои ин оҷонс, JICA аз соли 1993 то 2021 ба Узбекистон ба 1,5 миллиард доллар кумак расонидааст.

XS
SM
MD
LG